ОИДИ ЛОИҲА

Саводи расонаӣ барои ҷавонони асри 21 ҳамчун як ҷузъи муҳими донишандӯзӣ хеле муҳим аст, зеро дар ҷаҳони муосир бо ҳар роҳу воситаҳо қувваҳои гуногун тавассути паҳн кардани маълумоти бардурӯғ ғояҳои худро паҳн мекунанд. Ҷавонон, ки қисми зиёди ҷомеаро ташкил медиҳанд, аз манбаъҳои мухталифи ВАО маълумоти бардурӯғу тасдиқнашударо қабул ва мутолиа мекунанд. Бо паҳншавии чунин маълумот ва афзоишёбии воситаҳои паҳнкунии он, хавфи пайдоиши ҷавонони ба ном «иттилоотӣ» вуҷуд дорад, ки ба ҷомеаи солим ва бомаърифат таҳдид мекунад.

Албатта, дар ҷаҳони муосир, ки дар он ҷомеаи ҷаҳонӣ беш аз ҳама дар марҳалаи ҷаҳонишавӣ қарор дорад, истифодаи васоити ахбори мухталиф муҳим аст, аммо дар навбати худ, усулҳои дурусти истифодаи онҳоро омӯхт, то маълумоти бардурӯғро аз воқеӣ фарқ карда тавонанд.

Дар доираи лоиҳа барои баланд бардоштани сатҳи саводи расонаӣ ва рақамии ҷавонон иҷрои корҳои зерин ба нақша гирифта шудааст:

  1. Омода кардани веб-сомона оид ба саводи расонаӣ ва рақамӣ
  2. Омода намудани замима дар низоми Android ва iOS оид ба саводи расонаӣ ва рақамӣ
  3. Омодасозии чат-ботҳо

МАҚСАДҲОИ ЛОИҲА

Ҳадафи лоиҳа: фароҳам овардани платформаи таълимӣ барои баланд бардоштани сатҳи саводи расонаӣ ва иттилоотӣ, ки тавассути он ҷавонон метавонанд донишу малакаи тафаккури интиқодӣ, таҳлили иттилоот ва ҷустуҷӯи манбаъҳои иттилоотро ба даст оварда, ба ин васила маълумоти бардурӯғро аз воқеӣ (ҳақиқӣ) фарқ карда тавонанд.

Натиҷаҳои чашмдошт: Ҷавононе, ки дар соҳаи ВАО ва саводи иттилоотӣ донишҳои нав ба даст меоранд, ба ҳама маълумоти гирифташуда аз шабакаҳои иҷтимоӣ ё дигар намуди ВАО кӯр-кӯрона бовар намекунанд, балки бо тафаккури интиқодӣ онро таҳлил менамоянд.

ОМӮЗИШ

Мо ба ҳамагон имконият медиҳем, ки маълумоти лозимаро ба хотири баланд бардоштани сатҳи саводи расонаӣ мустақилона омӯзанд. Маводи таълимӣ дар ду намуд ва бо ду забон сохта шудааст. Барномаҳо барои дастгоҳҳои мобилии дорои Android ва iOS барои зеркашии ройгон дар Google Play ва AppStore дастрасанд. Дар замима маълумоти ибтидоӣ дар шакли роҳнамои интерактивии таълимӣ мавҷуд аст. Барои омӯзиши амиқтар ба шумо дарси ройгони онлайнӣ пешниҳод карда мешавад, ки онро метавонед дар сомонаи мо гузаред. Ҳамаи мавод аз ҷониби мутахассисоне, ки дар соҳаи ВАО ва ҳуқуқи инсон фаъолият мебаранд, таҳия шудаанд.

Пайвандҳо ба барномаҳо ва дарсҳои омӯзишии онлайнӣ:

ТАМОС

Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо метавонед, бо мо дар иртибот бошед:

Телефон

+992 (92) 778-85-74

Мессенҷерҳо

+992 (92) 778-85-74

Сомона бо дастгирии молиявии "Интернюс Тоҷикистон"
дар доираи лоиҳаи "Қадам ба сӯи рушд" омода шудааст

2019. Ҳама ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.
Ҳангоми нусхабардории маводи сомона ишора ба он ҳатмӣ аст!