1. Саводи расонаӣ ва моҳияти он



САВОДИ РАСОНАӢ ВА МОҲИЯТИ ОН

Ассалому алайкум, ман Сӯҳроб Собиров, ҳуқуқшинос ва инчунин омӯзгори фанни ҳуқуқи инсон бо зиёда аз 9 соли собиқаи корӣ оид ба баланд бардоштани сатҳи дониш дар соҳаи саводи расонаӣ барои ҳифзи худ ва наздиконатон аз оқибатҳои паҳни хабарҳои бардурӯғ ва роҳҳои фарқ кардан тавонистани он аз хабарҳои ҳақиқӣ сухан карданӣ ҳастам.

Ин мавзӯъ бо ҳуқуқи инсон ва умуман, бо ҳамаи илмҳои ҷаҳонӣ алоқамандӣ дорад, ки дар рафти дарсҳои видеоии мо аз наздик шинос мегардед.

 

Ҳаёти имрӯза ва фаъолияти пурраи қариб ҳамаи мутахассисонро бе техникаву технологияи муосир ва Интернет тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Хабаргузории «Газета.ru» дар такя ба маводи «Смартфонҳо заминро забт мекунанд»-и ширкати шведии «Ericsson Mobility Report» зикр кардааст, ки соли 2020 дар ҷаҳон шумораи техникаҳои пайваст бо Интернет ба 26 млрд. ва истифодабарандагони смартфонҳо ба 6,1 млрд. мерасад. Аз ин хотир, рӯз аз рӯз мувофиқ ба талаботи ҷаҳонишавӣ усулҳои бунёдии муносибат низ тағйир ёфта истодааст. Мисол, агар 20 сол қабл мо бо телефонҳои хонагӣ суҳбат мекардему ҳангоми ирсоли мактуб бароямон хаткашонҳо лозим буданд, ҳоло бо тақозои замон метавонем дар 1 дақиқа чанд мактуб бифиристему ба он ҷавоб бигирем. Яъне, телефонҳои хонагӣ қариб, ки аз байн рафта истодаанд. Бо назардошти омори зикршудаи хабаргузорӣ, худ хулоса намоед, ки соли оянда тарзи муоширати ҷамъиятӣ боз чӣ қадар тағйир меёбад.

 

  • Муошират чист?

Дар Фарҳанги забони тоҷикӣ мафҳуми «муошират» ба маънои бо ҳам зистан, рафтори инсон дар ҷамъият ва муносибат бо дигаронро дорад.

Дар баробари ин, муошират низ намудҳои худро дорад:

Якум, бевосита, яъне муоширати рӯ ба рӯ;

Дуюм, бавосита, яъне тариқи телефон, интернет, расонаҳои хабарӣ ва ғайра.

Масалан, барои омӯзиши саводи расонаӣ ва сода шудани тарзи омӯзиш, ман дар дарсҳои худ аксар вақт усули омӯзиши решаҳои калимаро ба роҳ мемонам, ки ин барои дарки мавзӯъ ба хонандагон хеле кӯмак мерасонад. Агар ба мавзӯи имрӯза ин усулро истифода намоем, он аз ду калима иборат аст: «саводи расонаӣ».

 

  • Суоле ба миён меояд, ки савод чист?

Савод ин дараҷаи маҳорати навиштан ва хонда тавонистани инсон ба забони модарии худ мебошад. Аз рӯи анъана, калимаи «босавод» одамеро ифода мекунад, ки хондаву навишта метавонад. Ба маънои муосир, ин маънои онро дорад, ки қобилияти навиштан мутобиқи меъёрҳои муқарраршудаи грамматика ва имло мебошад.

Бояд гуфт, ки савод асоси таҳкурсии рушди минбаъдаи инсоният аст. Бо дастрасӣ ба китоб, истифодаи хазинаи тафаккур ва донише, ки инсоният эҷод кардааст, имкон фароҳам меорад.

Баҳри тасдиқи гуфтаҳои боло, суханҳои Питер де Врайзро ба хотир меорем, ки гуфта буд: «Сабаби асосии вабои кунунии бесаводӣ дар он аст, ки ҳама чӣ тавр хондан ва навиштанро медонанд». Яъне, дар замони муосир тақрибан ҳама хонда ва навишта метавонанд, вале наметавон гуфт, ки хондану навиштан ин асоси босаводӣ аст, чун асос ин фаҳмиши матн мебошад.

 

  • Расона ё медиа чист?

«Медиа» аз калимаи лотинии «medium» гирифта шуда, маънояш «миёна» ва ё «миёнрав» мебошад.

Медиа ин мафҳуми васеъ аст, ки воситаҳои иртибот, усулҳои интиқоли иттилоот ва инчунин муҳити онҳоро ташкил медиҳад. Яъне, мо имрӯз гуфта наметавонем, ки медиа ё расона танҳо нашрия, радио, телевизион ва интернет аст. Мисол, як навиштаҷоте, ки дорои ин ё он маълумот аст, онро низ метавон медиа гуфт.

 

Биёед, акнун ин ибораро дар якҷоягӣ дида мебароем.

 

  • Саводи расонаӣ чист?

Саводи расонаӣ ин маҷмӯи маҳорат ва қобилиятҳоест, ки ба одамон имкон медиҳанд, ки паёмҳоро дар намудҳои гуногуни васоити ахбори омма, жанрҳо ва шаклҳо таҳлилу арзёбӣ ва эҷод кунанд.

Омӯзиши саводи расонаӣ имконият медиҳад, инсон он чӣ мутолиа, тамошо ва гӯш кардааст, ба он дуруст саволгузорӣ карда метавонад. Инчунин, вазифаи асосии саводи расонаӣ аз табдил додани истеъмоли ВАО ба як раванди фаъол ва интиқодӣ, кӯмак расонидан ба одамон дар бораи нақши ВАО ва журналистикаи шаҳрвандӣ дар эҷоди назари воқеият мебошад.

Умуман, саводи расонаӣ аз чунин қисмат ё фаҳмишҳо иборат аст, ки онҳоро дар дарсҳои минбаъда якҷоя дида мебароем:

- Тафаккури интиқодӣ

- Далелсанҷӣ ё фактчек

- Хабари бофта ё фейк

- Тарғибот

- Истифодаи бехатари Интернет

 

Бидонед, ки саводи расонаӣ шуморо аз ҳар гуна хабарҳои нодурусту бардурӯғ ҳифз мекунад. Зеро, Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ҳанӯз зиёда аз 1000 сол пеш гуфта буд:

Дониш андар дил чароғи равшан аст,

В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.

 Ташаккури зиёд, то дарсҳои минбаъда саломату сарбаланд бошед!




Инфографика дар мавзуи саводи расонаӣ


Дарс дар формати аудио

Flag Counter