5. Тарғибот (Пропаганда)



ТАРҒИБОТ (ПРОПАГАНДА) ЧИСТ?

Салом дӯстони гиромӣ, дарси навбатии мо «Тарғибот» ном гирифтааст.

 

Тарғибот ё пропаганда аз калимаи лотинии «Propaganda» гирифта шуда, маънояш мавриди интишор қароргирифта, интишор менамоям мебошад. Инчунин, мафҳуми тарғибот ба интишори ақида ва ғояҳои сиёсӣ, фалсафӣ, илмӣ, бадеӣ ва ғайра нигаронида шудааст, ки ба такомули шуури ҷамъиятӣ ва баланд бардоштани фаъолияти амалии омма мусоидат мекунад.

Дар маънои нисбатан маҳдуд он як навъи тарғиботи сиёсӣ ё идеологиро ифода менамояд.

 

  • Таърихи пайдоиши калимаи тарғибот (пропаганда)

Калимаи «тарғибот» аз номи ташкилоти католикии «Congregatio de Propaganda Fide» (Ҷамъомад барои паҳншавии имон), ки аз ҷониби Попи Грегори XV дар соли 1622 таъсис ёфтааст, сарчашма мегирад. Вале истифодаи оммавии тарғиботро бештар ба солҳои Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ рабт медиҳанд, чун то асри ХХ ин мафҳум на он қадар зиёд истифода мешуд.

 

  • Мақсади тарғибот

Тарғибот яке аз воситаҳои асосии дасткории сиёсӣ аст. Тарғиботро бо реклом ё таблиғот набояд қиёс кард. Реклом бештар ба худнамоишдиҳӣ ё жанри иттилоотӣ наздиктар аст.

Мақсади асосии тарғибот ин таъсир расонидан ба шуури одамон ва тағйир додани диду назари онҳо мебошад.

 

  • Воситаю усулҳои тарғибот

Радио, телевизион, нашриёт ва системаи лексионӣ аз воситаю усулҳои тарғибот дониста мешавад.

 

  • Объекти тарғибот

Аудитория ё умумияти иҷтимоие, ки тарғибот ба онҳо дахл дорад.

 

  • Технологияи истеҳсол ва паҳнкунии тарғибот

Барои тарғибот ба мо ғоя, аудиторияи мақсаднок ва маблағ лозим аст, ки ғояи мо то ба онҳо рафта расад. Самаранокии тарғибот аз рӯйи шумораи воқеии тарафдорони ҷалбшуда бо шумораи нақшавӣ муайян карда мешавад.

Соли 2009 Ежи Бузек чанд рӯз пеш интихоб шуданаш дар мақоми раҳбари Парлумони Аврупо дар мусоҳиба бо «Евронюс» дар бораи зарурати шаклҳои дастраси тарғибот чунин гуфта буд:

«Ман фикр мекунам, ки мо бояд ба масъалаҳое, ки ба шаҳрвандони мо наздиканд, диққат диҳем, зеро одамон ба нон ва равған ниёз доранд, онҳо ба чизҳое аҳамият медиҳанд, ки ба ҳаёти рӯзмарраашон дахл доранд. Калимаҳои баланд дар бораи бӯҳрон ё нерӯи барқ ба гӯши онҳо намерасанд. Агар мо дар бораи таъмини амнияти энергетикӣ суҳбат кунем, пас мо бояд дар бораи он сухан ронем, ки ҳамеша дар плитаи хонаи шумо газ хоҳад буд ва ҳамеша дар васлаки хонаатон барқ ​​хоҳед дошт. Ин аст он чизе, ки мо бояд кунем. Мо метавонем ба ҷомеа технологияҳои нав, чизҳои навро фароҳам оварем, мо метавонем як инфрасохторе созем, ки газ ба хонаву ошхонаҳо ва нерӯи барқ ​​ба ҳуҷраи зисти шумо ворид шавад».

 

  • Тарғиботи гуногуни жанрӣ

Дар баробари воситаҳои анъанавии тарғибот, аз қабили плакату брошюраҳо, буклету варақаҳо, эълонҳо дар радиову телевизион ва ғайра, инчунин санъати тасвирӣ, кино, театр, адабиёт, шеъру бозиҳо низ метавонанд барои тарғибот истифода шаванд.

Намудҳои таъсири оммавӣ ба шуури аҳолӣ ин Интернет, чату шабакаҳои иҷтимоӣ мебошанд.

 

Дӯстони гиромӣ, дарси панҷуми мо низ ба охир расид. То дарси дигар комёб бошед!



Тарғибот (Пропаганда)

Дарс дар формати аудио

Flag Counter