2. Тафаккури интиқодӣ



ТАФАККУРИ ИНТИҚОДӢ

Cалом дӯстони гиромӣ!

Мавзӯи навбатии мо дар бораи  «Тафаккури интиқодӣ» мебошад.

 

·       Тафаккури интиқодӣ чист?

Вақте ҷавоб ба ин саволро аз бисёр сарчашмаҳо ҷӯстуҷӯ намудам, бо назарияҳои гуногуне вохӯрдам, ки ҳар як олим ба таври худ ин мафҳумро шарҳ додааст.

Масалан:

Татяна Ноэл-Сигулская мегӯяд: «Тафаккури интиқодӣ ин танҳо аз танқиду камбудиро ҷустуҷӯ намудан иборат нест. Яъне, дар баробари ошкор кардани хатоиву пайдо намудани шубҳа, бояд идеяи наверо тарҳрезӣ намуд».

Тафаккури интиқодӣ ин як системаи мулоҳизароние мебошад, ки барои таҳлили ашё ва рӯйдодҳо бо таҳияи хулосаҳои дуруст истифода мешавад ва ба мо имконият медиҳад, ки баҳодиҳӣ ва натиҷаҳоро дуруст истифода барем.

Бояд гуфт, ки дар тафаккури интиқодӣ шахс фикру эътимодҳои худро зери шубҳа мегузорад. Тавре Декарт қайд кардааст, «тарзи шинохти ҷаҳон ин шубҳа мебошад».

Яъне, он шахсе, ки тафаккури интиқодӣ дорад, ба ҳар гуна дому фиреб гирифтор намешавад, чун ҳамаи хулосаи ӯ аз санҷишу омӯзишҳо иборат мебошад. Албатта, ин сабаб мешавад, ки ӯ ба хатоиҳо камтар роҳ диҳад.

 

Яке аз элементҳои асосии ТИ ин худтанқидкунӣ мебошад.

 

·       Худтанқидкунӣ

·                 Худтанқидкунӣ барои рушди ҳаматарафаи инсон ниҳоят зарур мебошад. Тавассути худтанқидкунӣ шахс метавонад хатоиву норасоиҳои худро муайян сохта, фаъолиятҳои худро таҳлилу баҳогузорӣ намояд ва дар асоси камбудиҳои ҷойдошта кӯшиш кунад, то онҳоро бартараф созад.

 

Биёед, акнун барои дар худ ташаккул додани тафаккури интиқодӣ чанд усулро дар якҷоягӣ дида бароем:

1. Худидоракунӣ

Барои аз худ кардани усули мазкур, як масъала ва ё фикрро аз чанд нуқтаи назар бояд дида баромад. Зеро, ин бароямон имкон медиҳад, то дар мо тафаккури интиқодӣ боз ҳам рушд карда бошад.

 

2. Дедуксия ё худтаҳлилкунӣ

Усули мулоҳизаест, ки мувофиқи он аз нуктаҳои кулл ба чузъ меоянд. Яъне, ин маънои онро дорад, ки пеш аз қабули ҳамагуна қарор бояд ба пуррагӣ онро омӯхт ва ба таври мантиқӣ таҳлил кард.

 

3. Тафтиши сарчашмаҳо

Ҳамаи фикрҳо дар асоси сарчашмаҳои гуногун пайдо мегардад, яъне ҳангоми дидан, шунидан ва хондан. Аммо ин ҳама сарчашмаҳо то кадом андоза дурустанд? Муаллиф то куҷо маълумотро дуруст пешниҳод кардааст? ва ба ин монанд.

Албатта, то ҷое ба ин саволҳо посух ёфтан мушкил аст, вале агар барои дарёфти он кӯшиш намоем, хеле хуб мешуд.

 

            Бо суханони Декарт мавзӯи имрӯзаро ҷамъбаст мекунем: “Ба ҳама чиз шубҳа дор ва ман низ шубҳа дорам. Ман ба одамон, ба худ, ба маънои ҳастӣ ва умуман ба ҳамаи ҷабҳаҳои ҷаҳонбинии худ  шубҳа дорам. Дар як чиз ман яқинам: ба ҳама чиз шубҳа овардан зарур аст”. 

 

Бо ҳамин дарси дуюми мо ба охир расид. Ташаккури зиёд, то дарсҳои минбаъда саломату комёб бошед!




Тафаккури интиқодӣ


Дарс дар формати аудио

Flag Counter