ДАЛЕЛСАНҶӢ ВА ЗАРУРАТИ ОН
Салом
дӯстон, мавзӯи навбатии мо «Далелсанҷӣ» ном дорад.
Далелсанҷӣ ё санҷиши далел, ки дар аксар кишварҳо онро бо забони англисӣ «факт-чек» ё «факт-чекинг» мегӯянд.
Сабаби
пайдоиши фактчекро коршиносон ба рушди техникаву технология ва паҳни зиёди
хабарҳои бардурӯғ вобаста медонанд. Аммо мақсади асосӣ на ҷустуҷӯйи дурӯғ,
балки дақиқ кардани ҳақиқати далелҳо ва муқоисаи маълумоти паҳншудааст.
Далелсанҷ
барои санҷиши дурустии иттилоъ танҳо аз маълумоти манбаъҳои кушода ё расмӣ васеъ
истифода бурда метавонад.
Мавзӯи омӯзиши
далелсанҷӣ изҳороти оммавии шахсони мансабдор ва маводи расонаҳо буда
метавонад.
Танҳо он мавзӯъ ё
объектҳое метавонанд, барои далелсанҷӣ интихоб шаванд, ки ба меъёрҳои зерин
ҷавобгӯ бошанд:
- Далелу арқом
доранд;
- Ба таври оммавӣ
паҳн шудаанд;
- Аҳамияти иҷтимоӣ
доранд;
- Дар расонаву шабакаҳои
иҷтимоӣ паҳн гаштаанд.
Бояд гуфт, ки истифодаи
манбаъҳои пӯшида ё беном қобили қабул нест. Инчунин, далелсанҷӣ масъалаҳоеро,
ки ба оянда нигаронида шудааст, ҳеч гоҳ мавриди санҷиш қарор намедиҳад. Мисол:
- Агар ягон масъули Раёсати маориф бигӯяд,
ки «интизорем, дар соли хониши оянда қабули хонандагон дар мактабҳо 15%
меафзояд», инро наметавон санҷид, чун ӯ аз интизориҳои худ ҳарф мезанад, ки он
бештар ба оянда нигаронида шудааст.
- Ва ё баъзан вақт афроди расмӣ аз ибораҳои
«ба андешаи ман...», «Фикр мекунам, ки...», «Ба назарам...» ва ба ин монандро
дар гуфторҳои худ истифода мебаранд, ки инҳо низ мавриди санҷиш қарор дода
намешаванд.
ДОНИСТА БОШЕД!!!
Далелсанҷӣ изҳороти шахсони расмиро мавриди таҳлил қарор намедиҳад, агар:
- андешаи субъективӣ;
- фарзия ва ҳисобу китоби тахминӣ;
- далелҳои умумӣ дошта бошад.
Натиҷаи далелсанҷӣ
метавонад, маводи журналистие гардад, ки дар шакли хабар, мақола, садо ва
гузориши видеоӣ ё чандрасонаӣ таҳия гашта, сохтори зеринро фаро гирад:
1. Нутқи айнан нақлшуда бо пайванд ба сарчашма
2. Шарҳи ҷараёни санҷидани нутқ ё далел дар манбаъҳои
расмӣ
3. Хулоса
Хулоса – яке аз ҷанбаҳои асосии далелсанҷӣ ва қисми
ҷудонашавандаи он ба ҳисоб рафта, ҳар як маводи санҷидашуда бояд бо хулосаи дақиқу аниқ дар такя ба манбаъҳои расмӣ анҷом ёбад.
- Чӣ
санҷида шуд?
- Чӣ
гуна санҷида шуд?
- Ҳукмнома
Масалан,
барои муайян кардани хабаре, ки он дурӯғ аст ё рост, ба чанд нуктаи муҳим
аҳамият дод:
-
Хабарро ҳамеша пурра мутолиа намоед
- Ба
ҳар маводе, ки мехонед, шубҳа кунед ва ба он суолгузорӣ намоед
-
Ҳамеша манбаи аввалини хабарро ҷустуҷӯ кунед
- Ҳеч
гоҳ маводро аз рӯйи сарлавҳаи он баҳо надиҳед, балки диққат диҳед, ки сарлавҳа ба
муҳтавои мавод то куҷо мувофиқат мекунад
- Ба
ному насаби муаллиф аҳамият диҳед
- Ягон
вақт ба манбаъҳои номаълум ё анонимӣ бовар накунед
- Ҳатман
ба санаи нашри хабар диққат диҳед ва онро санҷед
- Қабл
аз нашри ин ё он иттилоъ, нахуст санҷед ва баъд онро паҳн намоед
- Ва
ниҳоят, ҳангоми зарурат ба коршиносону далелсанҷон муроҷиат намоед!
Ташаккури зиёд, то
дарсҳои оянда саломату сарбаланд бошед!