3. Мубоҳиса (Дебат)



МУБОҲИСА (ДЕБАТ) ВА НАҚШИ ОН ДАР РУШДИ ТАФАККУРИ ИНТИҚОДӢ

Ҳақиқат зодаи баҳс аст.

(Суқрот)

Салом дӯстони арҷманд!

Мавзӯйи «Тафаккури интиқодӣ»-ро идома медиҳем. Ин навбат дар бораи «Мубоҳиса ва нақши он дар рушди тафаккури интиқодӣ» маълумот медиҳем.

 

·       Мубоҳиса ё дебат чист?

Мубоҳиса ё худ дебат аз калимаи юнонӣ гирифта шуда, маънояш «мехонам» ва «мубодилаи афкор» мебошад. Мубоҳисаро «баҳсу мунозира» низ мегӯянд. Тибқи иттилои «Донишномаи озод», маъруф бо «Википедиа» баҳсу мунозира дар таърихи фалсафа исботи хабар бо далелу бурҳон, ки дар натиҷаи мунозира ба даст меояд. Фахруддини Розӣ дар «Ҷомеъ-ул-улум» силсилаи одоби мунозираро баён карда, моҳияти асосии дарёфти ҳақиқати илмиро дар тасаввур (лафзест, ки аз он маънӣ мафҳум мешавад) ва тасдиқ (собит намудани нисбати одаму вуҷуди чизе ба чизе) мебинад. Илми муосир низ тавассути баҳс собит шудани ҳақиқатро эътироф мекунад.

Мубоҳиса ё дебат ин табодули афкор ба таври дақиқу ошкоро мебошад. Дар аксар маврид онро ба барномаҳои сиёсии пешазинтихоботӣ рабт медиҳанд, вале ин танҳо аз ин иборат нест. Масалан, дар Юнони Қадим дебат ё мубоҳиса ҳамчун яке аз унсурҳои асосии демократия шӯҳрат дошт. Дар он шаҳрвандон масъалаҳои зеринро дида мебаромаданд:

1. Тарафҳои мусбату манфии қонунҳои қабулшуда

2. Роҳбаронро интихоб менамуданд

3. Намудҳои ҷазоро ба қонуншиканон муайян мекарданд

 

Таърих гувоҳ аст, ки соли 427 пеш аз милод дар Афина мубоҳисае барои ҷорӣ кардани ҷазои қатл сурат гирифт. Дар он яке аз суханварони машҳур Клеон ҳамватонони худро ба дурустии ҷазои қатл бовар кунонд, вале суханвари дигар Диодод низ халқро ончунон бовар кунонд, ки чунин ҷазои сангин асос барои амалӣ намудани онро надорад, зеро аз он сатҳи қонуншиканӣ паст намешавад. Ҳамин тавр, дар Афина ҷазои қатл манъ гардид.

Дар Арупои асримиёнагӣ низ дебат хеле шӯҳрат дошт. Барои ташаккули он дасрҳои махсус буданд, ки дар он маҳорати суханварӣ ва тарзи баромад омӯзонида мешуд. Пас аз чанд муддат дар низоми судии ин кишварҳо низ он паҳн гардид.

Дар ИМА бошад, дебат хеле нақши муассир дорад, хосса дар маъракаҳои пешазинтихоботӣ. Масалан, соли 1960 дар ин кишвар аввалин дебати пешазинтихоботии телевизионӣ баргузор шуд, ки дар он номзадҳо ба мақоми президентӣ – Ричард Никсон ва Ҷон Кеннеди, иштирок доштанд. Ҳоло ин таҷриба идома ёфта, ҳатто дар дигар давлатҳо низ он ба роҳ монда шудааст.

Айни замон дебатро метавон дар тамоми ҷаҳон дар соҳаҳои гуногун мушоҳида намуд:

1. Дар мақомоти қонунгузории ҳокимияти давлатӣ – дебатҳои парлумонӣ

2. Радиову телевизион

3. Муассисаҳои таълимӣ ва маҳфилҳои мубоҳисавӣ

4. Дар Интернет – шакли навтарини дебат мебошад, ки бо истифода аз веб-сомонаҳои гуногун мардум бо баҳсу мунозира машғуланд

 

Умуман, истифодаи усули дебат барои рушди тафаккури интиқодӣ мусоидат мекунад. Мисол, ҷустуҷӯи маълумот, кор дар гурӯҳҳо, муносибат бо ҳамдигар, гӯш кардани якдигар, маҳорати суханварӣ, шубҳа овардан ба ҳар гуна маълумоти пешкашшуда, санҷиши сарчашмаҳо ва ба ин монанд маҳоратҳо дар инсон пайдо мешавад.

Омодагӣ ба дебат аз қадамҳои асосӣ маҳсуб мешавад, зеро он аз инсон заҳмати калон талаб мекунад. Бояд ӯ қабл аз баромад маълумоти заруриро ҷамъ намуда, манбаъҳои лозимиро бисанҷад ва нақшаҳои худро барномарезӣ намояд.

Қадами дигар, баромад аз рӯи талаботи шакли интихобшудаи дебат мебошад, ки ин қадам аз иштирокдорон талаб менамояд, бо истифода аз маҳорати суханварӣ ва бо асос баромад кунанд.

Имрӯз дар Тоҷикистон низ чанд маҳфили мубоҳисавӣ амал карда истодааст, ки дар он ҷавонон тоҷик барои рушди тафакаккури интиқодии худ ширкат меварзанд.

Дар охир таъкид менамоем, ки аз ҳама қоидаи асосии дебат «ЭҲТИРОМИ ЯКДИГАР» аст. Новобаста аз он ки ӯ рақиби шумост ё дар дастаи шумо аст, набояд ин қоида фаромӯш шавад!

 

Дарси сеюми мо низ хотима ёфт. Ташаккури зиёд, то дарси навбатӣ саломату сарбаланд бошед!



дебат


Дарс дар формати аудио

Flag Counter