6. Интернети бехатар




10 ТАВСИЯ БАРОИ ИСТИФОДАИ ИНТЕРНЕТИ БЕХАТАР

Салом дӯстони азиз, дарси имрӯзаи мо дар бораи «Интернети бехатар» аст.

 

Тавре ба мо маълум аст, асри XXI асри техникаву технология мебошад ва ҳоло қариб ҳамаи соҳаҳои ҳаётан муҳим маҳз аз Интернет вобастагӣ дорад. Аз ин сабаб, бехатарии истифодаи онро низ набояд фаромӯш кард.

 

·       10 тавсия барои истифодаи Интернети бехатар

1. http / https

Ҳангоми бақайдгирӣ дар ягон сомона ба воситаи браузерҳо ҳатман ба қисми суроғавии сомона аҳамият диҳед, ки он на танҳо бо http оғоз шуда бошад, балки дар охири http ҳарфи англисии «s» низ мавҷуд бошад. Агар ҳарфи «s» бошад, ин маънои бехатариро дорад.

 

2. Доштани суроғаи электронии захиравӣ

Барои ҳимояи худ дар Интернет, ҳатман якчанд суроғаи электронии захиравиро ба қайд гиред, зеро ҳангоми ворид шудан ба сомонаҳои шубҳаовар шумо метавонед, яке аз ҳамон суроғаҳои захиравиро истифода баред. Ин амал шуморо аз ҳар гуна мактубу спам, рекломҳои нолозимаву хатарнок эмин нигоҳ медорад.

 

3. Мактуби шубҳаовар

Вақте ба суроғаи электронии шумо аз шахсони ношинос ва ё шубҳаовар мактубе бо замима ворид мешавад, беҳтараш боз накунеду онро хориҷ намоед. Ва ё агар чунин мактубҳо аз шиносону дӯстон ворид шаванд, хуб мешуд, ки қабл аз боз кардан, як маротиба бо онҳо дар тамос шуда, дар бораи мактуби воридотӣ пурсед.

 

4. Линкҳои шубҳанок

Агар хоҳед, ки маълумоти дар компютер ва USB-доштаатон зарар набинанд, ҳар гуна линкҳои шубҳанок ва беэътимодро пахш накунед ва ба он ворид нашавед.

 

5. Рамз

Ҳангоми бақайдгирӣ дар шабакаҳои иҷтимоию дигар сомонаҳо ва ё боз кардани суроғаи электронӣ тавсия дода мешавад, ки аз рамзҳои душвор (ба мисли ҳарфу рақаму аломат) истифода кунед.

 

6. Ҳифзи рамз

Ҳеч гоҳ барои суроғаҳои электронӣ ва дигар шабакаву барномаҳое, ки аз шумо рамз талаб карда мешавад, як рамзро истифода набаред. Зеро, дар сурати дастрас гардидани рамзи шумо ба қаллобон онҳо ба ҳамаи шабакаву барномаҳо ва суроғаҳои электрониатон дастрасӣ пайдо хоҳанд кард.

Дар баробари ин, рамзҳои худро ба ҳеч кас нагӯеду надиҳед. Дар браузерҳои гуногун рамзҳои худро ҳеч гоҳ ҳифз накунед.

 

7. Нақши ангуштон

Агар телефонҳои ҳушманд ва ё дигар дастгоҳҳои электорнии шумо дорои нақши ангуштон бошанд, баҳри бехатарии гаджетҳо ҳатман аз он истифода баред. Ҳамчунин, дар компютерҳои худ низ гузоштани рамзҳоро фаромӯш накунед.

 

8. Аутентификатсияи дудаврагӣ

Барои бехатарӣ дар шабакаи Интернет аутентификатсияи дудаврагӣ мавҷуд аст, ки шумо метавонед аз он истифода баред. Масалан, ҳангоми ворид шудан ба суроғаи электронӣ ва ё шабакаи иҷтимоӣ ба ғайр аз навиштани рамзи асосӣ боз ба телефони мобилиатон рамзи махсус равон карда мешавад, ки он рамзро барои ворид шудан ба шабакаи лозимаатон истифода бурда метавонед.

 

9. Антивирус

Насби антивирус барои компютеру дигар дастгоҳҳои ҳушманд ба хотири эмин будан аз ҳар гуна вирусҳои хатарнок ва зарар надидани маълумоти шахсӣ. Инчунин, ҳангоми истифодаи USB-ҳо боэҳтиёт бошед.

 

10. Ҳифзи компютер

Ҳамеша компютери худро хомӯш намоед. Дар сурати аз сари компютери худ барои чанд муддат дур рафтан, ҳатман ба он рамз гузошта равед. Вақте компютери худро хомӯш карданӣ ҳастед, тақрибан то 20-30 сония интизор шавед ва боварӣ ҳосил кунед, ки он хомӯш шуд.

 

Дӯстони арҷманд, дарси шашум дар ҳамин ҷо ба поин расид. То дарсҳои минбаъда сарбаланду муваффақ бошед!



Интернети бехатар


Дарс дар формати аудио

Flag Counter